JICA ва ФАО дар рушди Агробизнес ба Тоҷикистон кумак мерасонанд (Tajik)
2021.04.02
Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар якҷоягӣ бо Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) ва Вазорати Кишовариии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи нави озмоиширо ҷиҳати тақвият додани иқтидори истеҳсолии тухми картошка оғоз намуданд.
Ҳадафи асосии лоиҳа ин беҳтар намудани дастрасии кишоварзон ба маводҳои муҳими кишоварзӣ, яъне тухмии картошкаи босифат, нуриҳои минералӣ ва хидматрасонии пешрафтаи агро-машваратӣ мебошад. Инчунин, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии кишоварзон тариқӣ баланд бардоштанӣ ҳосилнокӣ ва пешбурди кишоварзии ба бозор нигаронидашуда дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Бояд қайд кард, ки лоиҳаи озмоишии рушди агробизнес дар Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои JICA оид ба ҷорӣ намудани усули "Рушди кишоварзии ба бозор нигаронидашуда" (SHEP) мебошад, ки ҳадафи он баланд бардоштани сифати зиндагии деҳқонон тариқи зиёд кардани даромад тавассути васеъ намудани дастрасӣ ба бозор мебошад.
Мунео Такасака, Роҳбари дафтари Намояндагии JICA дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки "Рушди агробизнес дар беҳтар намудани вазъи амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон нақши калидӣ дорад.
Аз ин рӯ, дастрасӣ ба тухмиҳои босифат, машвартаҳои пешқадам ва инноватсионии кишоварзӣ хеле муҳим мебошад. JICA тасмим гирифт, ки усули SHEP -ро дар Тоҷикистон ҳамчун таҷрибаи аввалин дар Осиёи Марказӣ ҷорӣ кунад. SHEP усуле аст, ки кишоварзии ба бозор нигаронидашударо дар байни деҳқонони хурд муаарифи ва ривоҷ медиҳад.
Мо боварӣ дорем, ки ҳамкории пурсамари мо бо ФАО ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин лоиҳа ба Ҳукумати Тоҷикистон барои пешрафти устувор дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии аз ҷумла"Таъмини амнияти озуқаворӣ" мусоидат хоҳад кард.
«Лоиҳа бо мақсади такмили минбаъдаи системаи истеҳсоли тухми картошка дар кишвар якчанд ноҳияи водии Рашт ва вилояти Суғдро фаро мегирад.
Лоиҳа инчунин ба беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва амнияти озуқавории хонаводаҳои осебпазири минтақаи Хуросон кумак хоҳад кард », - таъкид намуд Олег Гучгелдиев, намояндаи ФАО дар Тоҷикистон.
scroll